РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Рӯзи 20-уми майи соли равон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ» бо иштироки мутахассисони соҳаи забон мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст, сардори Донишкадаи такмили ихтисос полковники хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин оид ба мақом ва асолати забони давлатӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки баромадҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони тоҷикӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, нишонаи нуфузу қудрати забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Сипас, сардори кафедраи донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ майори хадамоти гумрук Хушрӯз Турсунзода оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими худшиносӣ ва ватандӯстии миллӣ андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд ба омӯзиш ва ҳифзи забони модарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки донистани забони адабӣ барои ҳар як мутахассис амри зарурист. Бо ташаббуси Пешвои миллат баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» барои рушди маънавиёти ҷомеа ва ҷалби мардум ба илму дониш мусоидат менамояд.
Дар идома мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва фарҳанги муоширати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доктори илмҳои филологӣ Г. Абдуллоева дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ» маъруза намуда, аз таърихи ташаккули забони тоҷикӣ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ аз давраи Ҳахоманишиён то аҳди Сомониён марҳилаҳои муҳими таърихиро паси сар намуда, маҳз дар замони Сомониён соҳиби мақоми давлатӣ гардидааст.
Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ Манзура Ҳасанова дар мавзуи «Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол» баромад намуда, таъкид кард, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши забони тоҷикӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ нигина Сироҷова низ бо маърузаи «Забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ» баромад карда, иброз дошт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки забони бостонии худро то имрӯз ҳифз намудаанд ва осори адибони классикро озодона мефаҳманду истифода мебаранд.
Таъкид гардид, ки забон асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳифзи покизагии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибватан аст. Аз ин рӯ, олимон, омӯзгорон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё бояд барои таҳкими мақоми забони давлатӣ, ғанӣ гардондани забони адабӣ ва баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба маърузачиён барои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона сипоснома тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng