ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОН
Имрӯз, 21 майи соли 2026 ҳайати профессориву омӯзгории ДДМИТ зери роҳбарии ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоёни абармардони таърих ба мавзеи Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе рафтанд.
Зимни ин маросим, ба сари манзили Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад, ки хоки ин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо ташаббуси Роҳбари давлат ба Ватан оварда шуд, рафта, ба поси хотири онҳо гулчанбар гузошта, дар ҳаққашон дуои хайр карда, суханҳои нек гуфтанд.
Ин иқдом ба хотири қадрдонӣ аз хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, ки барои ободию озодии халқ, забону фарҳанги миллӣ ва давлати навини тоҷикон ҷони худро аз даст додаанд, амалӣ гардида, баҳри тарбияи насли имрӯз ва муаррифии бештари онҳо саҳм мегузорад.
Лозим ба қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мушт хоки ин фарзандони барӯманди миллат ба Ватан оварда шуда, ҳамчун арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди онҳо дар роҳи таъсис ва таҳкими давлатдории тоҷикон арзёбӣ гардид.
Инчунин, дар рафти маросим хотираи неки дигар шахсиятҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳанг гиромӣ дошта шуд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng