Идомаи олимпиадаи «Маърифат ва амнияти иқтисодӣ»
Рӯзи 19-уми ноябр дар факултетҳои иқтисод ва идоракунии давлатӣ, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва 20-уми ноябр бошад, дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ даври аввали олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷўёни хоҳишманд аз ихтисосҳои марбутаи факултетҳо иштирок намуданд.
Саволномаҳо ба иштирокчиёни олимпиада бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, 15 савол тариқи тест ва масъалаҳоро фарогир буд.
Бояд қайд кард, ки амнияти иқтисодӣ бунёди амнияти миллист, ки бойигариҳои табиӣ, захираҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, амволи ғайриманқул, захираҳои моддӣ (молӣ), инсонӣ, сохторҳои хоҷагӣ, оила, шахсӣ ва амсоли инҳоро фаро мегирад.
Мутасаддиёни баргузории озмун тестҳоро аз рӯи 2 номинатсия тартиб дода, донишҷўёнро аз ҳар як номинатсия, ки барои иштирок дар даври донишгоҳӣ, ки 25-уми ноябри соли равон баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng