Рӯзи 20-уми ноябри соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, даври факултетии олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯёни факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ гузаронида шуд.

Дар оғоз декани факултет Мастура Бӯриева ва сардори раёсати илм ва инноватсия Осим Фарайдунов қайд намуданд, ки рӯзҳои 4-6 декабри соли 2025 бори аввал бо ташаббуси ДДМИТ олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» гузаронида мешавад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок мекунанд. Аз ин рӯ, баргузории даври факултетӣ ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯён ва омодагии босифат ба даври навбатӣ аҳамияти махсус дорад.

Инчунин, баргузории чунин олимпиадаҳо ба болоравии сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон, рушди малакаҳои таҳлилию амалӣ ва омодагии касбии мутахассисони оянда мусоидат менамояд.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултет Давлатҷон Ҳукматов тарзи дуруст пур кардани саволномаҳои тестӣ ва рафти баргузории озмунро ба донишҷӯён фаҳмонд.

Бояд қайд кард, ки саволномаҳои олимпиада аз ҷониби гурӯҳи кории масъул таҳия гардида, барои ҳар ду номинатсия - «Амнияти молиявӣ» ва «Маърифати молиявӣ» аз 15 саволи тестӣ ва 5 масъалаи амалии соҳавӣ иборат буда, ба ҳар як ҷавоби дуруст 5 хол муайян карда шудааст.

Мувофиқи рӯйхати тасдиқгардидаи даври кафедравӣ, дар ин марҳила аз факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар маҷмуъ, 37 донишҷӯ аз ҳар ду номинатсия дар озмун иштирок намуда, аз инҳо 10 нафарӣ ба даври донишгоҳӣ пешниҳод карда шуданд.

Барои таъмини шаффофият ва баҳогузории объективӣ дар факултет ҳайати ҳакамон таъсис дода шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия