Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ-идеологӣ ва илмӣ-назариявиро баргузор намояд.

Ҳамоиши навбатӣ рӯзи 19 ноябри соли равон бо ташаббуси факултети молия ва қарз зери унвони “Парчами давлатӣ - нишони ваҳдат, истиқлол ва рушди иқтисодӣ” доир гардид.

Мизи мудавварро декани факултет Ҷӯрахонзода Баҳодур Ҷӯрахон оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари кишвар “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ рӯзи ифтихор ва эҳтиром ба рамзи муқаддаси давлат мебошад, ки дар пояи он таърихи пур аз ифтихор ва фарҳанги бостонии миллати тоҷик таҷассум ёфтааст. Дар арафаи ин рӯзи муқаддас дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон чорабиниҳои идона, маросимҳои расмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ба ифтихори ин санаи хотирмон факултети молия ва қарз низ тасмим гирифт, ки ба нишони эҳтиром ва муҳаббати самимӣ ба давлату миллат чорабинӣ доир намояд.

Дар идома мавсуф афзуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як матои рангоранг набуда, он рамзи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори давлатдории тоҷикон аст. Зери ин парчам Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвори истиқлолро паси сар намуда, ба сӯйи рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ қадам гузошт. Имрӯз, Парчами давлатии кишвари мо рамзи ягонагӣ, истиқлол ва эҳтироми шаҳрвандон ба давлати худ мебошад, ки моро ба ваҳдат, дӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан даъват мекунад.

Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ Фирӯза Абдулвоҳидова дар бораи таърихи пайдоиши парчам маъруза намуда, иброз дошт, ки Парчами миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ - 9 сентябри соли 1991, зарурати доштани рамзҳои миллии худро эҳсос намуд. Дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 ноябри соли 1992, Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Ин сана ҳамчун рӯзе ба таърих ворид шуд, ки Тоҷикистон расман соҳиби рамзи давлатӣ гардид, ки аз ҳувият, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ ва нишонаи истиқлоли миллат ба ҳисоб меравад. Он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, таҷассумгари ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва мақому манзалати давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Мавсуф дар идома афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфта буданд: «Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Асадулло Муллоҷонзода бошад, дар мавзуи таърихи парчамдории аҷдоди тоҷикон суҳбат ороста, изҳор дошт, ки парчамдории миллати тоҷик таърихи қадимӣ дошта, бо давлатдории замонҳои Пешдодиён, давлатдории Куруши Кабир, Ҳахоманишиҳо (Дирафши ковиён), Сосониён, Кӯшониён, Сомониён тавъам аст ва ба қавле, зиёда аз 4,5-5 ҳазорсола ҳамсафар, муттаҳидкунандаи мардум ва барподорандаи давлат будааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, машҳуртарин парчами давлати тоҷикон «Дирафши ковиёнӣ» будааст ва шоҳони сосонӣ онро дар сафарҳои ҳарбӣ ва муҳорибаҳо ҳамеша аз пешгоҳи сипоҳ мебурданд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади «Дирафши ковиёнӣ»-ро ҳамон парчами чармини Коваи оҳангар таҷассум кардааст, ки ӯ бо ин парчам бар Заҳҳоки морон ғалаба карда буд. Ба дасти душман афтидани он нишони шикаст ва мағлубияти давлат дониста мешуд. Бинобар ин, шоҳон онро муқаддас медонистанд.

Ба ҳамин маъно, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар идома нотиқ афзуд, ки ҳоло Парчами давлатии мо дар баробари парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон дар созмонҳои байналмилалӣ баланд парафшон аст. Он рамзи ваҳдати миллии мо, соҳибистиқлолӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз, рамзи сарбаландии миллат, шарафи давлат ва ҳувияти миллӣ аст. Он моро муттаҳид месозад ва ба ояндаи дурахшон раҳнамун мегардонад.

Дар фароварди мизи мудаввар устодон ва донишҷӯён ба музокира баромада, аз рамзи ифтихору нишонаи эҳтиром ба Ватан, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон будани Парчами давлатии кишварамон, ки дар қалби ҳар як тоҷик ҳамчун рамзи озодӣ, сулҳ ва сарбаландӣ маъво гирифтааст, бо ҳисси баланду ифтихор сухан ронданд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ