ОҒОЗИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЛИМПИАДАИ “МАЪРИФАТ ВА АМНИЯТИ МОЛИЯВИ”
Рӯзи 18-уми ноябри соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, даври факултетии олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯёни ду факултет: молия ва қарз; иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ баргузор гардид.
Дар оғоз декани факултети молия ва қарз - Баҳодур Ҷӯрахонзода ва декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова иброз доштанд, ки соли аввал аст, ки рӯзҳои 4-6 декабри соли 2025 бо ташаббуси ДДМИТ дар донишгоҳӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» гузаронида мешавад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок мекунанд. Аз ин рӯ, баргузории даври факултетӣ ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯён ва омодагии босифат ба даври навбатӣ аҳамияти махсус дорад. Инчунин, баргузории чунин олимпиадаҳо ба болоравии сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон, рушди малакаҳои таҳлилию амалӣ ва омодагии касбии мутахассисони оянда мусоидат менамояд.
Бояд қайд кард, ки саволномаҳои олимпиада аз ҷониби гурӯҳи кории масъул таҳия гардида, барои ҳар ду номинатсия - «Амнияти молиявӣ» ва «Маърифати молиявӣ» аз 15 саволи тестӣ ва 5 масъалаи амалии соҳавӣ иборат буда, ба ҳар як ҷавоби дуруст 5 хол муайян карда шудааст.
Мувофиқи рӯйхати тасдиқгардидаи даври кафедравӣ, дар ин марҳила аз факултети молия ва қарз ҷамъ 35 донишҷӯ ва аз номинатсияи «Амнияти молиявӣ» 16 нафар донишҷӯ ва аз факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ҷамъ 68 донишҷӯ дар озмун иштирок намуда, аз инҳо 10 нафарӣ ба даври донишгоҳӣ пешниҳод карда шуданд.
Барои таъмини шаффофият ва баҳогузории объективӣ дар ҳар ду факултет ҳайати ҳакамон таъсис дода шуданд.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng