ҲАМКОРӢ БО ВОЛИДАЙН - ОМИЛИ БАЛАНДШАВИИ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, 15-уми ноябри соли равон бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси аввал ҷаласаи васеи волидайн доир гардид, ки дар он Сиёвуш Ҳабибов, сардори раёсати корҳои ташкиливу тарбиявӣ, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок доштанд.
Вохӯриро декани факултет София Темурбекова ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар донишгоҳ ба масъалаи таълиму тарбияи донишҷӯён оид ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамеша диққати асосӣ дода мешавад. Ҳамин тавр, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳ гирифта шаваду донишҷӯён ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят карда шаванд.
Сардори раёсати корҳои ташкиливу тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов дар баромади худ гуфт, ки албатта, тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар раванди таълиму тарбияи фарзандон-донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд гардад. Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён омили баландшавии сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад.
Вазифаи падару модар муҳаё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд, мебошад.
Дарвоқеъ, ҷаласаи падару модар баҳри баланд бардоштани интизом ва сифати таълим мусоидат менамояд, чунки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом аз ҷониби садорати факултет ба волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доштанд, Сипоснома супорида шуд.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng