ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ САБҚАТИ ФУТБОЛИ ХУРД АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР
Рӯзи 14-уми ноябри соли равон зимни маросими ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд, ки бо ташаббуси факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид, ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иштирок ва суханронӣ намуда, ба ғолибон медалу Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим кард.
Ректор аз бузургдошти ин ҷашнҳо сухан ронда, иқдоми мазкурро баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳиму муфид арзёбӣ намуд.
- Варзиш василаи асосии шинохти давлат ва миллат мебошад. ДДМИТ низ ба тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин аст, ки аллакай, бахшида ба Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ чандин иқдомоти варзишӣ роҳандозӣ гардидаанд. Мо умед ва боварӣ дорем, ки донишҷӯёни мо низ на танҳо дар мусобиқаҳои сатҳи факултетиву донишгоҳӣ иштирок намуда, ғолиб мешаванд, балки дар сабқатҳои варзишии сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, номи донишгоҳ ва миллату давлатро баланд мебардоранд, - афзуд Бобоҷон Сатторзода.
Дар тақвияти суханони ректор, декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Қаландар Сафаров иброз дошт, ки баргузории мусобиқаи футболи хурд аслан хоҳиш ва ташаббуси худи донишҷӯён буд, ки мо дастгирӣ кардем, то бештар ба таҳсил ва тарзи ҳаёти солим рӯ оваранду дилгарм шаванд.
Дар анҷоми бозӣ ҷойи якум насиби донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ, ҷойи дуюм ба донишҷӯёни курсҳои 1-уми ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна ва мақоми сеюм ба дастаи варзишии донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси идораи давлатӣ насиб гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш бо ибтикори факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ байни донишҷӯёни факултет мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд, ки дар он аз 40 гурӯҳи таълимӣ, аз курси 1 то 4, ҷамъ 24 даста байни ҳам рақобат карданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng