НАҚШИ ИҶЛОСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор 14-уми ноябри соли равон чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» доир гардид. Дар он сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Раҳматзода, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Бобо Бобомуродов, мудири кафедраи аудит ва ревизия Амирхон Баротов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарравал, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Бобо Бобомуродов дар бораи хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри халқи тоҷик ва Тоҷикистони азиз сухан ронда, афзуд, ки маҳз далерию шуҷоат ва хислатҳои ватанпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ин ҷанги бародаркушу хонумонсӯз ба зудӣ хотима ёфт. Роҳбари давлат тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар муҳлати кутоҳтарин дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар идома профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Раҳматзода қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан, иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад. Зеро дар он тақдири як миллати соҳибтамаддун баррасӣ мегардид. Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор ва пояҳои Истиқлоли давлатиро қавӣ гардонем.
Сардори Раёсати ташкиливу тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибов доир ба аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва тарбияи насли ҷавон суханронӣ намуд.
Шуъбаи итилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng