ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Рӯзи 14-уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он садорати факултет, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Ҳамоишро мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, профессор Бобозода Ҷамрод Қурбон ифтитоҳ намуда, моҳияти баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод.
Гуфта шуд, ки санаи 15 апрели соли 2016 Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Дарвоқеъ, рақами 16 барои тоҷикон боз ҳам дорои аҳамияти дигари таърихист: 33 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу Ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз баргузор гашта, дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ин рӯз ба як иди расмии давлатӣ табдил ёфта, дар саросари ҷумҳурӣ бо баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ ва мулоқотҳо қайд карда мешавад.
Дар идома донишҷӯёни фаъол низ бо маърузаҳо ва шеърҳо дар бораи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳамоишро рангин сохтанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng