Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шахсияти Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор - ректори донишгоҳ ҳамасола ба ниёзмандон кумакҳои моддию маънавӣ расонида мешавад.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Исматулло Ҷумаев, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ бо ҳамроҳии донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ ва 1-31030407 - технологияҳои иттилоотии низомҳои  молиявӣ аз Муассисаи давлатии шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати пойтахт, воқеъ дар кучаи Фирдавсӣ 86-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дидан намуда, ба онҳо ғизо ва ҳар гуна шириниҳо тақдим намуданд.

Кормандон ва хизматчиёни ин муассиса аз кумаку дастгириҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардан ва дастгириву нигоҳубинии маъюбону камбизоатон яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои ғамхорӣ ба онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам овардааст. Ин қишри ҷомеа ҳамеша аз дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳои давлат бархӯрдоранд.

 

Тағоймурод Эшзода