ПАЙРОҲАИ ПЕШВО - РОҲИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Дар он раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан ва шоирони зодаи ин диёр Панҷшанбе Шаҳзода, Саодати Саидназар, Ҷонибеки Қозибек ва Раҳматуллои Мирзобек иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарравал, декани факултет Мастура Бӯриева ҳозиринро ба Рӯзи Президент табрик намуда, дар бораи хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри халқи тоҷик ва Тоҷикистони азиз сухан ронда гуфт, ки маҳз далерию шуҷоат ва хислатҳои ватанпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ин ҷанги бародаркушу хонумонсӯз ба зудӣ хотима ёфт ва тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар муҳлати кӯтоҳтарин дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Устоди кафедраи забони русии донишгоҳ Ҷумъа Махшул дар баромадашон донишҷӯёнро ба ҳушёрии сиёсӣ ва эҳтироми хизматҳои Пешвои миллат ва ватандӯстӣ даъват намуд.
Пасон, меҳмонон шеърҳои тозаэҷоди худро дар бораи ватандӯстӣ ва васфи Пешвои миллат қироат намуда, зимни суханронӣ қайд карданд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят ҳассос дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, воқеан, иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад. Зеро дар он тақдири як миллати соҳибтамаддун баррасӣ мегардид. Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор ва пояҳои Истиқлоли давлатиро қавӣ гардонем.
Дар ҳузури меҳмонон донишҷӯдухтарон Гулчеҳра Сайдалиева ва Нигора Муҳиддинова аз “Шоҳнома”-и устод Абулқосими Фирдавсӣ мисраҳо қироат карда, як рақси бадахшӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Дар хотима аз тарафи садорати факултет ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, бо гирифтани акси хотиравӣ маҳфил ҳусни анҷом пазируфт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng