ҲАДАФ: ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
Рӯзи 13-уми ноябри соли равон бо мақсади самаранок омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисони болаёқат, инчунин, сафарбар намудани онҳо ба таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ, вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо магистрантон, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯйи ихтисос доир гардид.
Дар он доир ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, назорати давомот, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии тадбирҳо ҷиҳати ҷалби бештари олимони беҳтарини соҳа, аз ҷумла профессорону номзадони илм ба таълим, назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани дарсҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ректор дар идома дар бораи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, таваҷҷуҳ ба соҳаи илм ва маориф, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, иштироки фаъолонаи докторантону магистрантонро дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ таъкид намуд.
Сатторзода Бобоҷон, ҳамчунин, доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо дар ташкили раванди таълим ва назорати иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, ба роҳ мондани усули самараноки таълим, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, иштироки докторантону магистрантон дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳои назариявӣ ва дигар чорабиниҳо, озмун ва олимпиадаҳо, маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён, навиштани мақолаҳои илмӣ-эҷодӣ изҳори андеша кард.
Дар охир Дилнора Амонова, магистранти соли якум, корманди Сарраёсати буҷети Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи муҳайё намудани шароити хуби таҳсил, нуфузи донишгоҳ ва иқдомҳои созанда ҷиҳати пешрафти кору фаъолият ибрози андеша намуд.
Наврӯз Ҷобиров
Тоҷ
Рус
Eng