Аз ҷониби кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ 12-уми ноябри соли равон маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Пешвои мо - ифтихори мо» бахшида ба Рӯзи Президент доир гардид.

Маҳфили мазкурро муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳматулло Қаландаров оғоз намуда, оид ба ташаббусу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

Тавре номбурда иброз дошт, талошҳои Президенти маҳбубамон буд, ки имрӯз мо дар чунин сарзамини дорои амнияту сулҳ, соҳибистиқлолу ваҳдатофар зиндагиву кору фаъолият намуда, илм меомӯзем.

Мудири кафедраи менеҷмент Илҳом Неъматов оид ба омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ сухан ронда, афзуд, ки дар он лаҳзаҳои бесарусомонӣ маҳз талошҳои Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар бартараф гардида, миллати тоҷик сарҷамъ шуд.

Профессори кафедра Иномҷон Аминов бошад, омили асосии барпо гардидани сулҳро шарҳ дода, иброз дошт, ки солҳои 90-ум Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар вазъияте қарор дошт, ки гувоҳи он фақат таърих аст. Давроне, ки гурӯҳҳои зиёд бо дасисаҳои худ мехостанд давлатро соҳиб гарданд. Аммо Пешвои муаззами мо тавонистанд, ки миллати тоҷикро аз ин вартаи марговар наҷот дода, гурезагонро ба ватан ва давлатро ба ваҳдат таъмин созанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия