ИҚДОМИ НЕКИ ПРОФЕССОР САЪДУЛЛО НОСИРОВ
Санаи 11-уми майи соли равон сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи илмии донишгоҳ ва фароҳам овардани имконияти бештари дастрасии хонандагон ба китобҳои нодир иқдоми шоиста анҷом дод. Мавсуф аз китобхонаи шахсии худ зиёда аз 200 нусха китобро ба фонди китобхонаи илмии донишгоҳ туҳфа намуд, ки чунин амал воқеан, қобили таҳсин аст.
Китобҳои ҳадяшуда на танҳо осору таълифоти илмии худи профессорро дар соҳаҳои педагогика, психология, методикаи таълим, сотсиология, монографияҳои илмӣ ва авторефератҳои диссертатсионӣ дар бар мегиранд, балки адабиёти соҳаҳои иқтисод, молия, ҳуқуқ, информатика, фалсафа, филология ва адабиёти бадеии ватанию хориҷӣ - назму насрро низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаро гирифтаанд.
Ба гуфтаи Саъдулло Носиров, китоб яке аз неъматҳои бузурги инсонӣ буда, тавассути мутолиаи он метавон ҷаҳонбиниро васеъ ва донишу маърифатро ғанӣ гардонид. Китоб инсонро ба олами хирад раҳнамун сохта, барои ҳар фарди босавод имкони расидан ба қуллаҳои маърифатро фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки профессор Саъдулло Шукруллоевич бори дуюм аст, ки чунин иқдоми хайрхоҳонаро роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон, ӯ яке аз хонандагони фаъоли китобхонаи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, пайваста ба мутолиаи китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳои илмӣ машғул мебошад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng