САРМОЯГУЗОРИҲОИ ХОРИҶӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ НАВСОЗИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Санаи 12-уми майи соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар доираи амалишавии барномаи “Профессори даъватӣ" лексияи илмию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни кафедраҳои иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ ва менеҷменти молиявӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт, даъват намудани олимони варзида аз муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва аз худ намудани таҷрибаи пешқадами онҳо барои донишҷӯён ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ, меҳмони даъватшуда аз Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Жолдошбекова С.Ҷ. бо маърузаи пурмуҳтаво дар мавзуи “Сармоягузориҳои хориҷӣ ҳамчун омили навсозии соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии хориҷӣ” баромад кард. Маърузакунанда бо такя ба таҳлилҳои амиқи оморӣ ва мисолҳои мушаххас қайд намуд, ки ҷалби сармояи хориҷӣ на танҳо барои навсозии техникию технологии бахши кишоварзӣ, балки барои ворид намудани сармоя ва устувор гардонидани мавқеи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ нақши ҳаётан муҳим дорад. Баромадкунанда таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ ҷалб намуда, роҳҳои муосири ҷалби сармояро шарҳ дод.
Пас аз анҷоми қисмати назариявии лексия, миёни донишҷӯён ва маърузакунанда мубоҳисаи озоду самимӣ ва саволу ҷавоби фаъол сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён оид ба паҳлуҳои гуногуни иқтисодиёти минтақавӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ саволҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмиалӣ Фаридулло Убайдуллоев, мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ Фаррух Саидаҳмадов, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Садриддин Шарипов ба музокира баромада, ба меҳмон барои ироаи лексияи ҷолибу сатҳи баланд изҳори сипос намуданд.
Дар анҷом барои иштироки фаъолона ва гузаронидани лексияи пурмазмуни илмӣ дар доираи барномаи "Профессори даъватӣ", ба н.и.и., дотсент Жолдошбекова С.Ҷ. аз ҷониби раёсати донишгоҳ Сертификати махсус тақдим карда шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng