Субҳи 11 майи соли равон 6 нафар донишҷӯи номовари ДДМИТ, ки рӯзҳои 7-8-уми май дар олимпиадаи ҷумҳуривии донишҷӯён дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва ғолиб дониста шуданд, аз ҷониби Раёсати ин боргоҳи илму маърифат истиқбол ва пазироии гарму самимӣ ёфтанд.

Дар маросими пешвозгирии ғолибон, ки дар саҳни донишгоҳ сурат гирифт, ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо шодбошӣ ва ифтихормандӣ аз дастоварди дастпарварони муассисаи таълимӣ зикр намуд, ки имрӯз барои аҳли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи фараҳбахшу хотирмон аст, зеро мо бо эҳсоси ифтихор ва сарфарозӣ донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди донишгоҳро, ки дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯён сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, истиқбол менамоем.

Бобоҷон Сатторзода дар идома афзуд, ки пирӯзии шумо - донишҷӯён танҳо натиҷаи дониш ва заҳмати шахсии худатон набуда, балки самараи муҳити солими илмӣ, талошҳои устодон, дастгирии волидон ва сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонон имкон фароҳам овардааст, ки ҷавонони тоҷик дар ҳама сатҳҳо қобилияти худро нишон диҳанд.

- Шумо имрӯз исбот намудед, ки ҷавони тоҷик дорои тафаккури солим, ҷаҳонбинии муосир ва неруи бузурги зеҳнӣ мебошад. Ғолибият дар чунин озмунҳои бонуфуз масъулияти шуморо низ бештар мегардонад. Зеро ҷомеа аз шумо ҳамчун мутахассисони ояндасоз, иқтисоддонҳои варзида, молиячиёни касбӣ ва кадрҳои ватандӯст интизориҳои калон дорад, - зикр намуд ректори донишгоҳ ва илова кард, ки “Мо дар донишгоҳ пайваста кӯшиш менамоем, то ҷиҳати рушди қобилияти илмӣ ва эҷодии донишҷӯён тамоми шароити заруриро муҳайё созем. Иштирок ва пирӯзии шумо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ собит месозад, ки ин иқдомҳо натиҷаи нек медиҳанд.

Дар охир Бобоҷон Сатторзода изҳори сипос ба роҳбарони илмӣ ва падару модарони донишҷӯёни ғолиб зикр намуд, ки дар паси ҳар дастоварди донишҷӯ меҳнати шабонарӯзӣ, роҳнамоии оқилона ва дастгирии маънавии онҳо қарор дорад ва аз ин рӯ, итминон дорам, ки шумо - шогирдони азиз дар оянда низ обрӯ ва нуфузи донишгоҳро баланд бардошта, бо фаъолияти пурсамари худ баҳри пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоред.

Хотиррасон менамоем, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он 490 нафар муҳассилин аз 46 мактаби олии кишвар ширкат варзиданд. Довталабон аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ рақобат намуда, дар охир 18 нафар ғолиби ҷойи якум, 37 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 60 нафар барандаи ҷойи сеюм эътироф шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ санаи 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуд. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ иброз дошт, ки баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.

Хурсандибахш аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо касби 6 ҷойи ин олимпиада, аз ҷумла 2 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм дар раддабандӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мавқеи чорумро ишғол намуд.

Рӯйхати номоварони ДДМИТ дар Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯён дар соли 2026:

Ҷойи 2-юм аз фанни назарияи иқтисодӣ:

Азизмамадов Айдимамад Эраҷонович - донишҷўи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон роҳбари илмиаш Балхов Д.А.;

Ҷойи 2-юм аз фанни информатика:

Ҷонбеков Алифбек Манучеҳрович - донишҷўи курси 3-юми ихтисоси амнияти компютерӣ роҳбари илмиаш Темурбекова С.Д.;

Ҷойи 3-юм аз фанни забони русӣ:

Ҷафарова Дилноза Фархадовна - донишҷўи курси 3-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо роҳбари илмиаш Махшулов Ҷ.;

Ҷойи 3-юм аз фанни сиёсатшиносӣ:

Муҳаммадиева Мутриба Рустамовна - донишҷўи курси 3-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ роҳбари илмиаш Ҳабибов С.И.;

Ҷойи 3-юм аз фанни ҳуқуқшиносӣ:

Ҳаймаҳмадов Муҳаммад Азаматшоҳович - донишҷўи курси 3-юми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ роҳбари илмиаш Мирзоев С.А.;

Ҷойи 3-юм аз фанни математика:

Тӯраев Ҷамолиддин Маҳмадиевич - донишҷўи курси 2-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит роҳбари илмиаш Пирназаров К.

Дар фароварди чорабинӣ, ғолибони олимпиада бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ