«ИҚТИСОДДОНИ БЕҲТАРИН» - МАЙДОНИ САЙҚАЛИ ЗЕҲН ВА РАҚОБАТИ СОЛИМ
Рӯзи 28-уми апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ интелект-шоу таҳти унвони «Иқтисоддони беҳтарин» дар сатҳи баланд доир гардид. Бозии зеҳнии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба 30-солагии ДДМИТ ва дар ҳошияи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз се даври ҷолибу пурмазмун иборат буд.
Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Ғиёсиддин Ғафуров зимни муаррифии низомномаи викторина зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин озмунҳо санҷиши сатҳи дониш, рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳлилӣ, инчунин, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба фанҳои иқтисодӣ мебошад.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов аҳамияти баргузории чунин ташаббусҳоро таъкид карда, афзуд, ки дар доираи таҷлили 30-солагии донишгоҳ як қатор озмунҳо барои донишҷӯёну магистрантон ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла: «Беҳтарин табрикоту таманниёт дар васфи донишгоҳ», «Беҳтарин мақолаи вокунишӣ ва таблиғотӣ» ва сабқати зеҳнии «Иқтисоддони беҳтарин». Ба андешаи мавсуф, иштироки фаъолонаи донишҷӯён боиси рушду такомули зеҳнӣ, сайқали маҳорат ва муаррифии қобилиятҳои онҳо дар фазои илму дониш мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ устоди кафедра Умед Халилзода ҳайати дастаҳоро муаррифӣ намуда, иштирокчиёнро бо қоида ва тартиби гузаронидани викторина шинос кард. Викторина аз се давр иборат буда, саволҳо аз фанҳои назарияи иқтисод, макроиқтисод ва микроиқтисод пешниҳод гардиданд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳафт факултет бо дастаҳои худ: «Оморшиносони ҷавон» - факултети ҳисобдорӣ ва омор, «МИБ» - факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, «Менеҷерон» - факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, «Соҳибкор» - факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ, «Набзи иқтисод» - факултети молия ва қарз, «Барномасозон» - факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ва «Гумрук» - факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ширкат варзиданд.
Ҳар як даста бо омодагии ҷиддӣ ва сатҳи баланди дониш баромад намуда, рақобати солим ва муҳити илмиву эҷодиро таъмин кард.
Тибқи натиҷагирии ҳайати ҳакамон, ҷойи аввал бо 22 хол насиби дастаи факултети ҳисобдорӣ ва омор гардид. Ҷойи дуюмро бо 17 хол факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ соҳиб шуд. Ҷойи сеюм бо 16,5 хол ба дастаҳои факултети молия ва қарз ва факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ насиб гардид. Дастаи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ барои иштироки фаъолона ва натиҷаи хуб бо 11 хол сазовори ҷойи ифтихорӣ дониста шуд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин викторинаҳо барои таҳкими донишҳои назариявӣ, рушди қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва омодасозии донишҷӯён ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмуъ, интелект-шоуи «Иқтисоддони беҳтарин» як майдони воқеии санҷиши дониш, малака ва истеъдоди донишҷӯён буда, дар рушди тафаккури иқтисодӣ ва ташаккули мутахассисони рақобатпазир нақши муҳим мебозад.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng