Санаи 25-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар маҷлиси Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-100 ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмии ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ Бобомуродов Пайрав Хайриевич барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.18 - баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар мавзуи “Такмили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)”, таҳти роҳбарии Абдумалик Мирзоев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бамуваффақият ҳимоя намуд.

Мақсади таҳқиқотро коркарди равишҳои назариявию методӣ ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили унсурҳои низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)ташкил медиҳад.

Навгониҳои илмии таҳқиқот аз коркарду таҳияи равишҳои назариявию методӣ ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ оид ба мукаммалгардонии унсурҳои методикаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) иборат аст.

Бояд гуфт, ки таҳқиқоти мазкур актуалӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он муаллиф якчанд тавсияҳои илман асоснок низ намудааст.

Мо, устодону кормандони донишгоҳ Пайрав Бобомуродовро бо ин дастоварди илмӣ табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаи илмиаш барору комёбӣ хоҳонем.

Итминони комил дорем, ки таҳқиқоти анҷомёфта дар оянда дар амал татбиқ мегардад ва барои беҳтар кардани вазъи соҳа мусоидат хоҳад кард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА