24-уми апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявӣ дар факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодон дар мавзуи «Сарчашмаи давои ҳамаи бемориҳо об мебошад» дарси тарбиявӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Ёрибек Тилабов оид ба аҳамияти тарбияи экологӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ, тӯфонҳо, сӯхтори ҷангалзорҳо ва дигар офатҳои табиӣ рӯз аз рӯз бештар ба мушоҳида мерасанд. Ин равандҳо на танҳо ба муҳити зист, балки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо низ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳо ва пиряхҳои бузурги ҷаҳон ҷойгир буда, аз лиҳози захираҳои обӣ яке аз кишварҳои пешсаф ба ҳисоб меравад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд».

Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миёни кишварҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол менамояд.

Сипас, дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Одилҷон Абдуллозода зимни баромад зикр намуд, ки яке аз мушкилоти ҷиддии глобалӣ имрӯз норасоии оби ошомиданӣ мебошад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, махсусан дар кишварҳои Африқои шимолӣ ва Шарқи Наздик норасоии об боиси мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто низоъҳо гардидааст. Илова бар ин, истифодаи обҳои ифлос сабаби паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад.

Қайд гардид, ки об неъмати бебаҳо буда, бе он ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Зиёда аз 70 фоизи бадани инсон аз об иборат аст ва инсон ҳар рӯз онро барои нӯшидан, гигиена ва эҳтиёҷоти рӯзмарра истифода мебарад. Ба гуфтаи Абуалӣ ибни Сино: «Сарчашмаи давои ҳамаи бемориҳо об мебошад».

Дар идомаи чорабинӣ эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро шарҳ дод. Таъмини амнияти обӣ заминаи рушди устувори иқтисодӣ буда, истифодаи самараноки захираҳои об ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат мусоидат мекунад. Ҳамзамон, коҳиш додани талафоти об хароҷоти иқтисодиро кам намуда, беҳтар шудани дастрасӣ ба оби тоза сатҳи саломатии аҳолиро баланд мебардорад.

Таъкид гардид, ки ҳифзи захираҳои обӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини замони муосир ба шумор меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф истифодаи сарфакоронаи об, пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, бунёди иншооти тозакунӣ ва рушди энергетикаи «сабз» зарур мебошад.

Дар фарҷом устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор намуда, андешаҳои судманд доир ба мавзуи баррасишуда иброз доштанд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА