25-уми апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Методикаи гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров иброз намуд, ки дар шароити иқтисоди рақамӣ такмил ва рушди методикаи аудити давлатӣ аҳамияти хоса пайдо менамояд. Методикаи аудити беруна дар муҳити рақамӣ аз усулҳои анъанавӣ фарқ дошта, бо назардошти афзоиши ҳаҷми додаҳо, автоматизатсияи равандҳо ва пайдоиши хавфҳои нави киберӣ татбиқ мегардад.

Абдураҳмон Соҳибназаров, аудитори ҶДММ “Кроу Хорват-ЭЙСИҶӢ” дар мавзуи “Методикаи гузаронидани аудити беруна дар шароити иқтисоди рақамӣ” баромад карда, иброз намуд, ки методикаи аудити беруна дар шароити иқтисоди рақамӣ аз усулҳои анъанавӣ ба таври назаррас фарқ мекунад, зеро фаъолияти ташкилотҳо имрӯз бештар ба технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои автоматикӣ ва коркарди ҳаҷми зиёди додаҳо такя мекунад.

Дар чунин муҳит аудитор бояд аввал марҳилаи банақшагириро бо таҳлили амиқи фаъолияти рақамии ташкилот оғоз намояд. Ӯ на танҳо соҳаи молиявиро меомӯзад, балки инчунин инфрасохтори IT, платформаҳои истифодашаванда ва сатҳи вобастагии ташкилот аз технологияҳои рақамиро таҳлил мекунад. Ин раванд ба муайянсозии дақиқи хавфҳо ва арзёбии самаранокии назоратҳо мусоидат менамояд.

Раҷабалӣ Саидов, дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи ДДМИТ дар мавзуи “Методикаи гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” баромадҳои пурмуҳтаво намуда, таъкид кард, ки методикаи аудити берунаи давлатии муосир низоми мукаммал ва мутобиқ ба технологияҳои нав мебошад, ки ҳадафи он таъмини шаффофият, самаранокӣ ва қонунмандии истифодаи маблағҳои давлатӣ дар муҳити рақамӣ аст.

Дар чунин шароит фаъолияти мақомоти давлатӣ ба системаҳои иттилоотӣ ва платформаҳои электронӣ вобаста мебошад, аз ин рӯ равандҳои аудит низ бояд ба ин тағйирот мутобиқ гарданд. Ӯ махсусан аҳамияти таҳлили додаҳоро ҳамчун унсури асосии аудит таъкид намуд, ки бо истифода аз алгоритмҳои автоматикӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳад аномалияҳо ва равандҳои ғайримуқаррарӣ муайян карда шаванд.

Дар музокира декани факултети ҳисобдорӣ ва омор, н.и.и., дотсент Ёрибек Тилабов иброз дошт, ки дар марҳилаи ҷамъоварии далелҳои аудиторӣ истифодаи технологияҳои муосир нақши муҳим мебозад.

Бо истифода аз воситаҳои таҳлили додаҳо ва барномаҳои махсус аудитор метавонад ҳаҷми зиёди иттилоотро зуд ва дақиқ коркард намояд. Санҷиши транзаксияҳои электронӣ ва муқоисаи онҳо бо стандартҳои муқарраргардида имкони ошкор намудани хатогиҳо ва ҳолатҳои шубҳанокро фароҳам меорад.

Сипас, мудири кафедра, дотсент Амирхон Баротов дар музокира қайд намуд, ки методикаи аудити берунаи давлатӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ равиши муосир ва бисёрсамта мебошад, ки ҳам донишҳои классикии аудит ва ҳам малакаҳои технологияҳои иттилоотиро тақозо менамояд. Ин раванд барои таъмини шаффофият ва самаранокии идоракунии захираҳои давлатӣ дар шароити рақамисозии иқтисод аҳамияти калидӣ дорад.

Дар ҷамъбасти мизи мудаввар саволу ҷавоб ва музокираи фаъол баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён ва баромадкунандагон фаъолона иштирок намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА