ПАЗИРОИИ ДОНИШҶӮИ ҒОЛИБ
Анис Хонназарзода, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро пас аз ғолибият дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” дар донишгоҳ бо самимият ва эҳтироми хос истиқбол гирифтанд.
Роҳбарияти донишгоҳ, аз ҷумла муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки чунин муваффақиятҳо натиҷаи меҳнати пайваста ва роҳнамоии устодон мебошанд. Ин дастовард нишондиҳандаи рушди неруи зеҳнии ҷавонон ва самаранокии муҳити илмии донишгоҳ арзёбӣ гардид.
Саидакмал Мирсаидов ба ғолиб дар идомаи таҳсил, фаъолияти илмӣ ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳои минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд. Баргузории чунин озмунҳо ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди илму маориф буда, барои ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва рақобатпазир заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Дар шароити муосири рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, масъалаи ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтироъкорию навоварӣ аҳамияти муҳим касб намудааст. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии илм ва инноватсия, махсусан миёни ҷавонон, барои ташаккули неруи зеҳнии рақобатпазир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин раванд, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамчун яке аз механизмҳои самараноки рушду такмили қобилиятҳои илмӣ ва эҷодии онҳо арзёбӣ мегардад.
Дастоварди мазкур бозгӯи сатҳи баланди омодагии илмӣ, қобилияти эҷодӣ ва неруи зеҳнии донишҷӯёни донишгоҳ буда, ҳамзамон нақши муҳими омӯзгоронро дар роҳнамоӣ ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд таъкид менамояд. Ин гуна муваффақиятҳо барои рушди минбаъдаи илм, технология ва иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда, саҳми ҷавононро дар пешбурди ҷомеаи инноватсионӣ боз ҳам тақвият мебахшанд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng