Рӯзи 24-уми апрели соли равон дар толори бошукӯҳи Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Олими сол”, “Магистранти сол” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик бахшида шуда, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, устодону олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни фаъол сурат гирифт.

Боиси ифтихор аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” донишҷӯи курси якуми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Анис Хонназарзода бо пешниҳоди лоиҳаи ҷолиби «ASONA - Академия», таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт Неъматуллои Мирзошо сазовори ҷойи сеюм гардид.

Озмуни мазкур ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди фаъолияти ихтироъкорӣ, тақвияти тафаккури илмӣ ва таҳкими заминаҳои илмӣ-техникии кишвар равона гардидааст. Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони 48 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионии худро муаррифӣ намуданд.

Дар чунин муҳити рақобатпазир, Хонназарзода Анис Муҳаммадихон бо лоиҳаи инноватсионии худ таҳти унвони «ASONA - Академия» дар бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла дар номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ» иштироки фаъолона намуда, бо пешниҳоди ғояҳои муосир ва ҳалли амалӣ барои такмили муҳити таълимӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Лоиҳаи «ASONA - Академия» ба ташкили муҳити омӯзишии рақамӣ ва интерактивӣ равона гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён, рушди ҳамкории байниҳамдигарии онҳо ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир дар шароити иқтисоди рақамӣ мебошад. Ҳамзамон, имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯён ва ҷавонон идеяҳои худро амалӣ намуда, малакаҳои амалӣ ва касбии худро тақвият бахшанд.

Қобили зикр аст, ки озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва дастгирии ҷавонони боистеъдод, рушди тафаккури техникӣ ва тақвияти фаъолияти илмиву ихтироъкорӣ роҳандозӣ гардидааст.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА