Рӯзи 25 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои назариявӣ-амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои алоҳида» бо иштироки васеи олимон, муҳаққиқон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишҷӯён ва мутахассисони соҳа доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодони факултет, китобҳои тозанашр ва маводи илмӣ-таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд. Ин намоиш ҳамчун рамзи рушди фаъолияти илмӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии донишгоҳ арзёбӣ гардид.

Зимни ифтитоҳи конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДМИТ Қутбиддин Муқимов таъкид дошт, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар заминаи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ амалӣ мегардад. Ин конференсия дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040)», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)» ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Сипас, Некрӯз Муминзода, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати устувор ва пайгиронаро дар самти гузариш ба иқтисодиёти донишбунёд амалӣ менамояд. Ин раванд дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ амалӣ шуда, ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва инфрасохтори иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Зеҳни сунъӣ дар таҳлил ва пешгӯии равандҳои иқтисодӣ нақши муҳим бозида, имкон медиҳад, ки қарорҳо дақиқ ва асоснок қабул шаванд.

Дар идомаи чорабинӣ Шамсзода Илёс Сафар, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳолатҳои кунунӣ ва муаммоҳои иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, самтҳои асосии рушди иқтисоди рақамиро шарҳ дод. Дар ин замина, ифтитоҳи Парки технологии иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун қадами муҳим дар рушди иқтисоди рақамӣ арзёбӣ гардид.

Қайд шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ қатъномаи СММ-ро оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардид, пазируфт. Дар Душанбе таъсиси Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ дар назар аст, ки аллакай зиёда аз 750 мутахассиси ҷавон дар ин самт омода гардидаанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ихтисоси зеҳни сунъӣ дар мактабҳои олӣ фаъолият дошта, дар 100 мактаби миёна низ омӯзиши зеҳни сунъӣ оғоз шудааст.

Бо ҷорӣ гардидани портали ягонаи давлатӣ e-Hukumat.tj, беш аз 65 мақомоти давлатӣ ба низоми рақамӣ пайваст гардиданд, ки ин қадами муҳим дар коҳиши коғазбозӣ ва баланд бардоштани шаффофият мебошад.

Дар идома олимон ва коршиносон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия ва Узбекистон, инчунин намояндагони вазорату идораҳо дар мавзуъҳои иқтисоди сабз, рақамикунонии нақлиёт, тиҷорати электронӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар экология маърузаҳо пешниҳод намуданд.Аз ҷумла, Станислав Михайлович Газул, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини декани факултети иқтисод, молия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург (Русия) дар мавзуи "Хидматҳо ва абзорҳо бо истифода аз усулҳои зеҳни сунъӣ барои омӯзгорон ва тадқиқотчиён: таҷриба ва ахлоқи истифода" аз ҷониби Наталия Сергеевна ва Александр Дмитриевич, устодони Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия (Филиали Урал) дар мавзуи "Татбиқи усулҳои зеҳни сунъӣ дар идоракунии ҷалби мизоҷон дар бахши телекоммуникатсия", Муҳаммад Худойбердиев, доктори илмҳои иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон дар мавзуи "Асосҳои иқтисоди сабз ва идоракунӣ", Латофат Саломова, намояндаи Вазорати нақлиёт дар мавзуи “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт” ва Нусратзода Муҳаммадӣ Нусрат, н.и.и., дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ дар мавзуи  “Омилҳои таъсиррасон ба рушди тиҷорати электронӣ” ба тариқи ҳузуриву маҷоҳӣ маъруза намуданд.

Масъалаҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт, мушкилот ва дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, таҳлили маълумоти калон бо усулҳои муосири математикӣ ва рушди технологияҳои рақамии молиявӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ ва сиёсати давлатӣ дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ зоҳир карда шуд. Иштирокдорон имкониятҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт, истифодаи зеҳни сунъӣ дар назорат ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи табиатшиносӣ ва экология, инчунин, баланд бардоштани бехатарии роҳҳо тавассути технологияҳои муосирро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои илмии пурмуҳтаво пешниҳод гардида, муҳокимаҳои судманд ва мубодилаи таҷриба байни иштирокдорон сурат гирифт. Татбиқи васеи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳо мусоидат намояд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон пешниҳод ва тавсияҳои худро ҷиҳати рушди минбаъдаи истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун иброз дошта, аҳамияти чунин ҳамоишҳои илмиро барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди илм таъкид намуданд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА