Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Гулпарӣ Ҳусейнова, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 24-юми апрели соли равон рисолаи доктории худро дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 73.2.012.04 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Муқоисаи таҳлилии принсипҳои сохтории фарҳангҳои тафсирии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ (дар асоси луғати Оксфорд (2005) ва Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (2008)” таҳти роҳбарии профессор Абдусалом Мамадназаров сарбаландона ҳимоя намуд.

Навгонии илмии таҳқиқот дар он зоҳир мегардад, ки бори аввал дар луғатнигории назариявии ватанӣ сохтор ва принсипҳои тартиб ва таҳияи луғатҳои тафсирии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ дар асоси луғати Оксфорд ва Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба таври муқоисавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Таҳқиқоти мазкур дорои аҳамияти баланди илмӣ ва амалӣ буда, аз ҷиҳати назариявӣ ва татбиқӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд дар рушди минбаъдаи луғатнигории тоҷик, такмили принсипҳои тартиб ва таҳияи луғатҳои тафсирӣ, инчунин, дар раванди таълиму тадрис васеъ истифода шаванд.

Раёсати донишгоҳ Гулпарӣ Ҳусейноваро барои дастоварди навбатӣ табрику муборакбод намуда, барояш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамояд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА