МАҲФИЛИ ИЛМИИ “АНДОЗСИТОН ВА СУҒУРТАКУНАНДАИ ҶАВОН”
24-уми апрели соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати илм ва инноватсия, дар кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Андозситон ва суғуртакунандаи ҷавон” доир гардид. Мавзуи маҳфил “Муаммоҳои андозбандии андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар низоми андози миллӣ” буда, он зери роҳбарии муаллими калони кафедра Раҳматулло Темуров гузаронида шуд.
Маҳфилро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта, дотсент Муродалӣ Ҳусайнов ифтитоҳ намуда, баён кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои сайқал додани донишҳои назариявӣ ва баланд бардоштани малакаҳои амалии донишҷӯён аҳамияти хосса дорад. Маҳз тавассути чунин маҳфилҳо ҷавонон метавонанд дониши худро тақвият бахшида, дар роҳи ташаккули мутахассисони баландихтисос қадамҳои устувор гузоранд.
Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Қадриддин Фатҳиддинзода доир ба аҳамияти баргузории маҳфилҳои илмӣ ибрози назар карда, гуфт, ки ҳадафи асосии чунин ҷамъомадҳо тақвияти ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии онҳо мебошад.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010403 Озода Кенҷаева бо маърузаи илмӣ дар мавзуи мазкур баромад намуда, қайд кард, ки андоз аз даромади шахсони воқеӣ яке аз манбаъҳои муҳими даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули низоми молиявии кишвар нақши калидӣ мебозад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ин намуди андоз ҳамчун воситаи асосии таъмини адолати иҷтимоӣ, тақсимоти одилонаи даромадҳо ва дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат хизмат менамояд. Ҳамзамон зикр гардид, ки сарфи назар аз аҳамияти баланд дар амал татбиқи он бо як қатор мушкилоту монеаҳо рӯ ба рӯ мебошад, ки ба самаранокии низоми андоз таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар қисмати музокира муаллими калони кафедра Раҳматулло Темуров ва Фирдавс Шодиев ба масъалаҳои мавҷудаи соҳа таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки яке аз мушкилоти асосӣ сатҳи пасти фарҳанги андозсупорӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Қисме аз шаҳрвандон аҳамияти пардохти андозро пурра дарк накарда, онро ҳамчун уҳдадории ҳатмӣ қабул намекунанд. Ин ҳолат ба зиёд гардидани ҳолатҳои саркашӣ аз андозсупорӣ ва коҳиш ёфтани эътимод ба низоми андоз мусоидат мекунад. Ҳамчунин, набудани маърифати кофии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеа яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани чунин мушкилот арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар намудани низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ иброз гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng