БАҚАЙДГИРИИ ИШТИРОКЧИЁН ВА БОЗДИДИ АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ДДМИТ
Бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 апрели соли равон дар донишгоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти ҷавонони лаёқатманд, рушди малакаҳои касбӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат роҳандозӣ гардида, ҳамзамон барои таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар озмуни имсола намояндагони 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бо иштироки 52 нафар донишҷӯ ширкат варзида, дар ду номинатсия «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» дониши худро санҷиданд. Барои таъмини шаффофият ва адолат ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа ташкил карда шуд.
Дар ин замина, дастовардҳои илмиву варзишӣ ва ихтирокории устодону донишҷӯён ва адабиёти тозанашр ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки бениҳоят зебо ва диққатҷалбкунанда буд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng