Бегоҳи рӯзи 24 апрел Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ бо тантана доир гардид. Маросимро ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода ифтитоҳ намуда, бо камоли эҳтиром ҳамаи меҳмононро ба ин ҳамоиши сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, ба иштирокчиён дар таҳсил муваффақиятҳои беназир орзу намуд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккули ҷаҳонбинии илмиву инноватсионӣ, рушди маърифати касбии мутахассисони дорои малакаву маҳорати муосир ва саҳмгузорӣ дар  амалигардонии барномаи давлатии рушди неруи инсонӣ дар мамлакат минбаъд низ ҷиҳати баргузории чунин озмунҳо ташаббусҳои наву самарабахшро амалӣ менамояд: “Мо боварии комил дорем, ки озмуни мазкур баҳри амалӣ намудани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси касбӣ мусоидат менамояд”.

Ба андешаи Бобоҷон Сатторзода, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони асосии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони мақомоти гумрук ба шумор меравад. Озмуни имрӯза низ дар доираи ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо хадамот доир гардид.

Дар фарҷом ректор ба Хадамоти гумрук, ҳамаи устодон ва кормандоне, ки дар ташкил ва баргузории ин чорабинии муҳими илмӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, баён дошт, ки чунин ташаббусҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд.

Дар номинатсияи даставӣ ҷойи якум ба ДМТ лоиқ дониста шуда, бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷойи дуюм ба ДДМИТ бо Диплом ва 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Диплом ва 1 ҳазору 500 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Барои иштироки фаъолона намояндагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёно Назаршоев, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар номинатсияи инфиродӣ ҷойи якум ба Суннатулло Аҳтамзода, донишҷӯи ДДМИТ бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ муваффақ шуд. Ҷойи дуюм ба Муҳаммадиқбол Саидов, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ҷойҳои сеюм ба Муҳаммадамин Сафаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Сафар Сафаров, донишҷӯи ДМТ бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ лоиқ дониста шуданд.

Ҷойҳои ифтихорӣ дар ин номинатсия ба Ҳоҷизода Муҳаммад, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Муборакшо Алихонзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёно Назаршоев насиб гардид.

Ҳамзамон, ба як қатор намояндагони донишгоҳҳо, шарикон, кормандон ифтихорномаҳои ДДМИТ ва ба устодоне, ки дар ташкил ва баргузории озмун саҳми фаъолона доштанд, аз ҷумла ба устодони ДДМИТ Қудратулло Мираков, Сайидислом Абдуҷабборзода, Фарҳод Давлатов ва Сулаймон Абдуллоев Ифтихорномаи Хадамоти гумрук супорида шуд.

Ба аъзои ҳайати ҳакамон Сипосномаи ДДМИТ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода ва декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ Мастура Буриева барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун Медали «Барои ҳамкорӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳамин тавр, озмун дар сатҳи баланд баргузор гардида, дастаи ДДМИТ натиҷаҳои назаррас ба даст овард, ки боиси ифтихори ҳар як иштирокчӣ ва омӯзгорон мебошад.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА