Рӯзи 24 апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук», ки бо ташаббуси муштараки донишгоҳ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи озмун намояндагони мақомоти гумрук, аз ҷумла Мерафзун Мерафзунзода - сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Эраҷ Ҷурабекзода - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, Ҷовидон Шарифзода - сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, инчунин, Рауф Ҳайдарзода - намояндаи Вазорати молия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Озмуни мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии донишгоҳ, инчунин, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва касбии ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон бо шароити таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои муосири донишгоҳ шинос гардида, ба сатҳи омодагӣ ва инфрасохтори муассиса баҳои баланд доданд.

Қисмати расмӣ бо суханронии ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор оғоз ёфт. Номбурда иброз дошт, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ масъалаи омода намудани мутахассисони дорои малакаву маҳорати баланди касбӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин асос, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди неруи зеҳнӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимӣ баҳри амалӣ намудани мақсаду мароми Ҳукумати мамлакат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаҳои молиявию иқтисодӣ як қатор иқдомҳоро рӯи даст гирифтааст, ки баргузории озмуну олимпиадаҳои “Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук”, “Беҳтарин донандаи Кодекси андоз”, “Маърифат ва амнияти молиявӣ”, “Беҳтарин барномасоз” аз қабили ин ташаббусҳо мебошанд.

Соли сеюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук” дар донишгоҳи мо доир гардида, дар он беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзида, донишу маҳорати касбии худро санҷида сайқал медиҳанд.

Хурсандиовар аст, ки соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур 52 нафар донишҷӯ аз 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, муассисаҳои худро намояндагию муаррифӣ менамоянд.

- Мо ба донишу маҳорат, ҷаҳонбинию малака, далерию тавоноии ҳар яки Шумо боварии комил дорем. Табиист, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳазорон нафар аз рӯи тахассуси фаъолияти гумрукӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аммо аз миёни ҳамаи онҳо маҳз шумо 52 нафар ҳастед, ки роҳбарияти муассисаҳо ба шумо боварӣ намуда, ҷиҳати иштирок дар ин озмун сафарбар намудаанд, - афзуд ректор ва илова намуд, ки ин озмун як марҳалаи муҳим барои ташаккул ва рушди касбияти мутахассисони арзандаи соҳаи гумрук мебошад. Ҳар як иштирокчии он имкон пайдо мекунад, ки на танҳо дониши назариявии худро дар бораи Кодекси гумрук нишон диҳад, балки барои омодагӣ ба фаъолияти касбӣ қадамҳои уствор гузорад.

Ба таъкиди Бобоҷон Сатторзода, ҳадафи мо дар озмун на танҳо санҷидани дониш, балки фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаҳмидани Кодекси гумрук ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти гумрук аст, ки имкон медиҳанд донишҷӯён худро барои мувофиқ шудан бо талаботи бозори меҳнат омода созанд. Бешубҳа, ин дастовард барои ҳар як донишҷӯ имкон медиҳад, ки таҷриба ва малакаҳои худро ҳамчун мутахассис дар оянда нишон диҳад. Ин озмун як фурсат хоҳад буд, ки на танҳо дониши назариявӣ мукаммал, балки дар бораи амалияи фаъолияти гумрукӣ тасаввуроти бештаре пайдо намоянд.

Дар идома раиси ҳакамони озмун Мерафзун Мерафзунзода оид ба аҳамияти ҳамгироии илм ва амалия дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ суханронӣ намуда, нақши чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани фарҳанги гумрукӣ муҳим арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки такмили заминаи ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар низоми гумрукӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан зарур аст, ки мақомоти гумруки кишвар дар ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, пешгирии қочоқ ва таъмини назорати гумрукӣ нақши муҳим доранд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳамчунин, намояндаи Вазорати молия Рауф Ҳайдарзода таъкид намуд, ки ҳадафи баргузории чунин озмунҳо дарёфти ҷавонони лаёқатманд, рушди донишҳои назариявӣ, таҳкими ҷаҳонбинӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук мебошад.

Сипас, Эраҷ Ҷурабекзода - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук шартҳои озмунро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, иттилоъ дод, ки озмун давоми ду рӯз идома ёфта, аз рӯйи ду номинатсия - «даставӣ» ва «инфиродӣ» баргузор мегардад. Ғолибон аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ муайян ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА