Рӯзи 24 апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук», ки бо ташаббуси муштараки донишгоҳ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи озмун намояндагони мақомоти гумрук, аз ҷумла Мерафзун Мерафзунзода - сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Эраҷ Ҷурабекзода - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, Ҷовидон Шарифзода - сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, инчунин, Рауф Ҳайдарзода - намояндаи Вазорати молия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Озмуни мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии донишгоҳ, инчунин, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва касбии ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон бо шароити таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои муосири донишгоҳ, дастовардҳо ва имкониятҳои таълимӣ аз наздик шинос гардида, ба сатҳи рушди инфрасохтори таълимӣ ва заминаи моддиву техникии он баҳои баланд доданд.