ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ШОМИ ҶАВОНОН” ДАР ДДМИТ
Дар доираи баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук», ки бо ташаббуси муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Шоми ҷавонон” гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Ансамбли “Ҷавонӣ”-и донишгоҳ ташкил гардида, бо иштироки меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни озмун ҷараён гирифт. Дар доираи он барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш гардид, ки фарогири суруду мусиқӣ, рақсу саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ буд.
Ҳадафи асосии баргузории “Шоми ҷавонон” таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ ва густариши робитаи насли ҷавон бо арзишҳои муқаддаси давлатӣ арзёбӣ гардид. Барномаи фарҳангӣ ба тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ равона шуда буд.
Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо дар баробари аҳамияти фарҳангӣ доштан, ба таҳкими ҷаҳонбинии сиёсӣ, болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандони бошуур ва масъулиятшинос мусоидат менамоянд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng