Рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6Д.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шералӣ Сайдалӣ кори илмии номзадӣ ҳимоя намуд

Номбурда таҳти роҳбарии Абдулхайл Қурбонов, доктори илмҳои иқтисодӣ кори диссертатсионии худро дар мавзуи «Такмили механизми идоракунии бозори меҳнат дар шароити иқтисодиёти индустриалӣ-инноватсионӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 5.2.14 - иқтисоди меҳнат ва демография бомуваффақият ҳимоя намуд.

Албатта, ба даст овардани чунин комёбии арзандаи илмӣ натиҷаи заҳматҳои пайваста, талошҳои созанда, донишу малака ва масъулиятшиносии баланди муҳаққиқ мебошад.

Бояд қайд кард, ки ин рӯйдоди фараҳбахш дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, ки барои мо аҳамияти хосса дорад. Зеро Истиқлоли давлатӣ барои рушди илму маориф ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳаққиқи ҷавон Шералӣ Сайдалиро ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия, комёбиҳои боз ҳам бештар, саломатии бардавом ва фатҳу зафарҳои нав орзу менамояд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА