Устоди ДДМИТ Шавкат Исмоилов бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардид
3 сентябри соли 2026 дар Қасри миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар баргузор гардид.
Дар ин маросим бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар доираи ин маросими бошукӯҳ ба профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Исмоилов медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Шавкат Исмоилов аз чеҳраҳои маъруфи илми ҳуқуқшиносии кишвар буда, дар ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва давлатии ӯ, аз ҷумла дар солҳои 1993-2001 дар вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2001-2005 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хизмати содиқона ба давлат ва ҷомеа пайвастааст.
Ҷомеаи меҳнатии ДДМИТ профессор Шавкат Исмоиловро ба муносибати ин қадршиносии шоиста самимона табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ комёбиҳои нав орзу менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng