АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ
Бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсии донишгоҳ ҳамоиши илмию фарҳангии ҳайати профессорону омӯзгорон таҳти унвони «Таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар паҳнои фалсафаи сулҳи Пешвои миллат: аз Ваҳдати миллӣ то рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ» доир гардид.
Дар ҳамоиш дипломат, ходими давлатӣ, профессор Алимов Рашид Қудбиддинович иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдучаббор баромад намуда, зикр кард, ки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имсол дар шароите таҷлил менамоем, ки мафҳуми озодиву истиқлол, демократия, устувории давлатдории миллӣ ва ҳимояи ин арзишҳо барои шаҳрвандони мамлакат, махсусан сиёсатмадорон, зиёиён, олимону муҳаққиқон, беш аз пеш аҳамият ва афзалият пайдо намуда, ба як рисолати олии шаҳрвандиву хештаншиносӣ табдил ёфтааст.
Мушоҳида ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ ва бархӯрдҳои ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дар роҳи ҳифзи устувории истиқлолияти миллӣ, ки меҳвари асосии ифтихори ватандории моро фаро мегирад, бо диду ҷаҳонбинии хоси миллӣ назар намуда, нақши созандаи худро гузорем. Чун муҳимтарин ва бузургтарин дороии имрӯзу ояндаи мо ватандорӣ, инчунин, шинохту ҳимояи мафҳум ва манзалати истиқлолияти миллӣ мебошад.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз ҳама болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».
Гуфта шуд, ки дар зарфи 35 соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат кишвари мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.
Мо хуб огоҳ ҳастем, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат харобу валангор гардида, иқтисоди кишвар ба ҳолати ногувор расида буд. Аммо дар зарфи 35 соли Истиқлолият бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии иқтисодӣ буҷети давлатӣ рушд ёфта, сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ба таври назаррас беҳтар гардид.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи мавҷудияти истиқлолияти устувор дар кишварамон мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат, истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик ва қарин гардонид. Маҳз ҳамин сиёсати созанда буд, ки густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар қолаби «Сиёсати дарҳои боз» вусъат ёфта, ба нуфузи байналмилалии кишвари мо шукуҳу шаҳомати нав бахшид.
Натиҷаи ин дастовардҳоро метавон ҳамчун марҳилаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар паҳнои фалсафаи сулҳи Пешвои миллат ва қадамҳои устувор дар роҳи ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ арзёбӣ намуд.
Сипас, меҳмони ҳамоиш, профессор Рашид Алимов дар мавзуи «Дипломатияи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» суханронӣ намуда, оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ, ташаккули дипломатияи сулҳ, хусусиятҳои хоси он ва таҷрибаи сулҳофарии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қудрату тавоноии дипломатияи сулҳи тоҷикон, меҳварҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, рушди сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон баромади пурмуҳтаво намуд.
Дар маросими қадршиносӣ ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бо ифтихорномаҳо ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бино ба иттилои ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдучаббор имсол омӯзгорони донишгоҳ бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, унвони «Корманди шоиста» ва як нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки ин боиси ифтихори аҳли донишгоҳ мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби шуъбаи фарҳанги донишгоҳ барномаи иборат аз мусиқӣ, рақсу саҳнаҳову суруд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng