ҲИМОЯИ НАВБАТӢ
Рӯзи 21 майи соли 2026 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 73.1.017.01 назди Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмии ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Сайёра Ахмедова доир гардид.
Мавзуи рисолаи илмӣ «Саҳми комсомолону ҷавонон дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон (1924-1991)» буда, он ба яке аз масъалаҳои муҳими таърихи иҷтимоӣ ва сиёсӣ бахшида шудааст. Роҳбари илмии муҳаққиқ Абдулло Ғафуров - номзади илмҳои таърих, дотсент, ходими пешбари шуъбаи таърихи муосири пажуҳишгоҳ мебошад.
Дар рафти ҷаласа муҳаққиқ мазмуну муҳтавои рисоларо муаррифӣ намуда, натиҷаҳои асосии таҳқиқотро шарҳу тавзеҳ дод. Қайд гардид, ки мавзуи интихобшуда аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ дошта, ба омӯзиши нақши ҷавонон ва ташкилоти комсомолӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти Кӯлоб дар давраи мавҷудияти ҶШС Тоҷикистон равона гардидааст.
Мақсади асосии таҳқиқот аз омӯзиши ҳамаҷонибаи фаъолияти комсомолону ҷавонон дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг, корҳои ҷамъиятӣ ва иштироки онҳо дар таҳкими ҳаёти иҷтимоии вилояти Кӯлоб иборат мебошад.
Дар доираи пажуҳиш саҳми ҷавонон дар рушди соҳаи кишоварзӣ, саноат, маърифатнокии аҳолӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули муҳити фарҳангии минтақа мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Фарзияи илмии таҳқиқот бар он асос меёбад, ки фаъолияти комсомолону ҷавонон дар солҳои 1924-1991 яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Кӯлоб ба ҳисоб рафта, иштироки фаъоли онҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ, корҳои созандагӣ, маъракаҳои хоҷагидорӣ ва рушди фарҳанг барои пешрафти минтақа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҳамзамон, таҳқиқот нишон медиҳад, ки таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон метавонад имрӯз низ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолнокии иҷтимоии ҷавонон аҳамияти муҳим дошта бошад.
Объекти таҳқиқот фаъолияти ташкилотҳои комсомолӣ ва ҷавонони вилояти Кӯлоб дар солҳои 1924-1991 буда, предмети таҳқиқот нақш ва саҳми онҳо дар равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа маҳсуб меёбад.
Зимни муҳокима аъзои Шурои диссертатсионӣ ба аҳамияти илмии рисола баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки муҳаққиқ тавонистааст бо истифода аз сарчашмаҳои бойгониву маводи таърихӣ ва адабиёти илмӣ масъалаи мавриди назарро ба таври мукаммал таҳлил намояд. Ҳамчунин, саҳми муаллиф дар омӯзиши таърихи ҷавонон ва фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар давраи шӯравӣ назаррас арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми ҷаласа, пас аз муҳокима ва овоздиҳӣ, Шурои диссертатсионӣ ҳимояи рисолаи илмии Ахмедова Сайёра Партововнаро муваффақ арзёбӣ намуда, барои сазовор донистани ӯ ба дараҷаи илмии номзади илм тавсия пешниҳод кард.
Аҳли коллективи ДДМИТ Сайёра Ахмедоваро табрик намуда, дар корҳои ояндааш барору комёбӣ таманно менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng