Санаи 23 майи соли равон бо ибтикори кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор ва раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ташаккул ва такмили асосҳои методологии хизматрасониҳои аудиторӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” доир гардид, ки ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ДДМИТ бахшида шуд.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ мебошад, ки баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, таҷҳизот, нигоҳ доштан, фурӯш ва дастрас намудани молу хизматрасониҳо мусоидат мекунад.

Фаъолияти аудиторӣ низ дар шароити кунунӣ ба ҳайси яке аз соҳаҳои асосии иқтисодӣ бояд аз тариқи истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ ба роҳ монда шавад.

Тавре қайд гардид, истифодаи афзалиятҳои иқтисоди рақамӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои аудиторӣ низ аз тариқи сарфаи вақт, сари вақт ба даст овардани далелҳои аудиторӣ ва иҷрои фаврии қоидаҳои санҷишӣ мусоидат мекунад.

Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонов Абулхайр Каримович дар маърузаи худ таҳти унвони “Методологияи аудити давлатӣ дар низоми рақамикунонии иқтисодиёт” зикр кард, ки методологияи аудити давлатӣ дар низоми рақамикунонии иқтисодиёт масъалаи калидии мутобиқсозии назорат ба шароити нави технологӣ мебошад. Бо рушди технологияҳои рақамӣ, ба мисли ҳукумати электронӣ, платформаҳои рақамии молиявӣ ва додаҳои калон бояд тарзи гузаронидани аудити давлатӣ низ бояд тағйир ёбад.

Тибқи таҳлили маърузакунанда, методологияи аудити давлатӣ маҷмуи усулҳо, принсипҳо ва равандҳоест, ки барои санҷиш, баҳодиҳӣ ва назорати фаъолияти молиявию идории мақомоти давлатӣ истифода мешаванд. Дар шароити рақамикунонӣ, ин методология ба технологияҳои иттилоотӣ такя намуда, равандҳои автоматикӣ ва таҳлили додаҳоро фаро мегирад.

Гуфта шуд, ки методологияи аудити давлатӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт аз як низоми анъанавӣ ба як низоми интеллектуалӣ, динамикӣ ва технологиябунёд табдил меёбад. Ин раванд барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва мубориза бо коррупсия аҳамияти стратегӣ дорад.

Меҳмони конфаронси илмӣ-амалӣ, муовини сардори раёсати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдулазиз Абдулҳаким дар мавзуи “Ташаккули асосҳои методологии аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бахши давлатӣ ва хусусӣ” маъруза намуда,  аҳамияти масъалаи мазкурро дар бахши давлатӣ ва хусусӣ дар шароити рақамикунонии босуръати иқтисодиёт ва идоракунӣ хеле калидӣ донист. Ба қавли мавсуф, технологияҳои иттилоотӣ на танҳо воситаи санҷиш, балки механизми таъмини эътимод, шаффофият ва самаранокии истифодаи захираҳои рақамӣ буда, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар бахши давлатӣ, ки истифодаи захираҳои буҷетӣ ва маълумоти ҳассос хеле баланд аст, методологияи равшан ва илмии аудити технологияҳои иттилоотӣ имкон медиҳад, то дурустии истифодаи системаҳои иттилоотӣ арзёбӣ гардад, хавфҳои коррупсионӣ коҳиш ёбанд ва инчунин, сатҳи ҳисоботдиҳӣ ва эътимоди ҷомеа боло равад.

Дар бахши хусусӣ бошад, шаффофият ба баланд шудани обрӯи ширкат ва ҷалби сармоя мусоидат карда, ҳангоми идоракунии хавфҳо ва амнияти иттилоотӣ методологияи мукаммали ИТ-аудит имкон медиҳад, ки таҳдидҳои киберӣ сари вақт муайян ва нуқсонҳои инфрасохтори рақамӣ ошкор гардида, дар ин росто, механизмҳои ҳифзи маълумот такмил ёбанд. Ин ҳолат махсусан дар заминаи афзоиши ҳамлаҳои киберӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.

Зикр гардид, ки ташаккули асосҳои методологии аудити технологияҳои иттилоотӣ як зарурати стратегӣ мебошад, ки он ҳба сифати пули пайвасткунандаи технология, идоракунӣ ва амният баромад намуда, ҷиҳати рушди устувори бахши давлатӣ ва хусусӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Саидов Раҷабалӣ Назифович дар баромади худ, ки ба масъалаи “Аудити технологияҳои иттилоотӣ ва шароиту имкониятҳои рушди онҳо” бахшида шуда буд, вобаста ба шарҳи мавзуъ изҳор дошт, ки аудити технологияҳои иттилоотӣ дар ҳоли ҳозир ба яке аз самтҳои меҳварии идоракунии муассир дар идораву корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон табдил ёфтаа, он тавъам бо рушди босуръати рақамикунонӣ ва афзоиши вобастагӣ аз системаҳои иттилоотӣ, зарурати назорат, арзёбӣ ва такмили инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ беш аз пеш аҳамияти стратегӣ пайдо карда истодааст.

Гуфта шуд, ки аудити технологияҳои иттилоотӣ ин равандест, ки ба таври мустақилона ва низомнок ҳолати системаҳои иттилоотӣ, амнияти маълумот, идоракунии захираҳои технологияҳои иттилоотӣ ва мутобиқати онҳо ба стандартҳо ва талаботи амалкунанда арзёбӣ карда мешавад.

Ҳадафҳои асосии аудити технологияҳои иттилоотӣ аз таъмини амнияти иттилоот ва ҳифзи додаҳо, арзёбии самаранокии истифодаи захираҳои технологияҳои иттилоотӣ, муайян кардани хавфҳо ва камбудиҳо, таъмин намудани мутобиқат ба стандартҳо ва ҳамчунин, баланд бардоштани шаффофият ва эътимоднокии фаъолияти ташкилот иборат мебошанд.

Қайд гардид,  ки  аудити технологияҳои иттилоотӣ яке аз абзорҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисоди рақамӣ буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии босуръат, нақши он боз ҳам меафзояд. Барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, зарур аст, ки заминаи методологӣ, кадрӣ ва ҳуқуқии аудити технологияҳои иттилоотӣ пайваста такмил дода шавад.

Дар фароварди ҳамоиш декани факултети ҳисобдорӣ ва омор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тилабов Ёрибек Эмомназарович, мудири кафедраи аудит ва ревизия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Баротов Амирхон Холмирзоевич ва омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, доктори фалсафа (PhD) Аҳлиддин Мирзозода ба музокира баромада, изҳор намуданд, ки

Маврид ба ёдоварист, ки конфаронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил” давоми рӯз дар бахшҳо идома хоҳад ёфт. Дар маҷмуъ, дар конфаронс 20 маъруза шунида хоҳад шуд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ