ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ
25 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе фестивали бошукӯҳи футбол бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардид. Ташаббускори пешниҳоди ин сана президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ буда, он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
Дар ҷашнвораи футбол 700 кӯдак иштирок намуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди футболи оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Варзишгоҳи марказии Душанбе ҳудуди 20 ҳазор мухлисро ҷамъ оварда, фазои воқеии ҷашни футболро ба вуҷуд овард. Барои тамошобинон барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид.
Дар баробари дигар кормандони касбу кори гуногун аҳли раёсат, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳими варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷонибдории хешро аз тарғиби тарзи ҳаёти солим ва футбол нишон доданд.
Тоҷ
Рус
Eng