Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол санаи 25 майи соли равон бо ташаббуси декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ Ёрибек Тилабов ва эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев аксияи идона бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” гузаронида шуд.

Дар доираи ин иқдом ба роҳбарият, деканҳо ва ҳайати устодону кормандон тӯбҳои футбол ва акси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ҳамчун ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар самти пешбарии масъалаи эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” шинохта мешаванд, дар тарҳи махсус бо рамзи футбол ва табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки 7 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳоду ташаббуси варзишпарваронаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул намуд.

Ин иқдом аҳаммияти ҷаҳонии футболро ҳамчун воситаи таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва рушди ҳамкориҳои варзишӣ миёни давлатҳо бори дигар таъкид менамояд.

Тавре қайд гардидааст, футбол на танҳо бозӣ, балки мактаби муҳими тарбияи ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Имрӯз рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин иқдомҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ҷиҳати қадршиносии хизматҳои арзандаи намояндагони соҳа ба ҳукми анъана даромадааст.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА