Рӯзҳои 23-25 майи соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон VI-умин Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои математика, химия, биология, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва география барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» доир гардид.

Олимпиадаи мазкур дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии тестӣ ташкил ва ҷамъбаст карда шуда, дар он аз 36 донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 180 нафар донишҷӯ иштирок намуданд.

Хушбахтона, ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, бо диплом, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси амнияти компютерӣ Алифбек Ҷонбеков таҳти роҳбарии София Темурбекова аз фанни технологияҳои иттилоотӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид. Қобили зикр аст, ки Алифбек қаблан низ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён сазовори ҷойи дуюм гардида буд.

Мавсуф чанде пеш лоиҳаи худро таҳти унвони “Равзанаи таблиғотии донишгоҳ” муаррифӣ намуда, ин навбат аз миёни 26 иштирокчӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуда, соли гузашта дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҷойи сеюмро ишғол намуд. Зимни таҳсил дар МТМУ №51 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бошад, гирандаи стипендияи Президентӣ буд.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси хадамоти гумрук Дилшод Абдуназаров зери роҳбарии Вазира Орифҷонова аз рӯи равияи география барои иштироки фаъолона дар «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Дилшод дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён низ соҳиби Ифтихорнома гардид.

Дилшод соли 2025 дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҷойи сеюмро ишғол намуда буд.

Ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ғолибонро ба ҳузур пазируфта, муваффақияти донишҷӯёни донишгоҳро бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷавонон ба илму дониш ва натиҷаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумат дар самти рушди илму маориф унвон кард.

Ректор бо эътимоди қавӣ иброз дошт, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамеша бо дастовардҳои назаррас ному нуфузи донишгоҳро баланд мебардоранд, ки боиси ифтихору сарбаландӣ мебошад.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА