Барои таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот омӯзгорони донишгоҳ пайваста дарсҳои амалии худро дар коргоҳу корхонаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор намуда, донишҷӯёнро бо ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ аз наздик шинос менамоянд. Баргузории дарсҳои амалӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, ки донишҳои назариявӣ дар амал татбиқ карда шаванд.

Дар ин замина, омӯзгорони кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатмо Назарамонова ва Абдусалим Ҳамидов бо мақсади пайвастани назария бо амалия ва тақвияти донишу малакаи касбии донишҷӯён, барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-26-02-02 - менеҷмент дарси кушоди амалиро дар ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода доир намуданд.

Дар оғози боздид устодон ва донишҷӯён аз осорхонаи ширкат дидан намуда, бо таърихи таъсис ва марҳилаҳои рушди корхона, намудҳои маҳсулот, навгониҳо, дастовардҳо ва ҷоизаҳои он шинос гардиданд. Сипас, онҳо аз бинои истеҳсолии №4 боздид ба амал оварда, бо раванд ва технологияҳои истеҳсоли алюминий, ашёи хом, тарзи ташкил ва шароити меҳнат аз наздик ошно шуданд.

Ҳамчунин, донишҷӯён аз коргоҳи рехтагарӣ боздид намуда, бо ҷараёни истеҳсол, бастабандӣ, омодасозӣ ва содироти маҳсулоти алюминий шинос гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун шиносномаи саноати Тоҷикистон маъруф мебошад. Корхона ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни алюминий, аз ҷумла дег, дару тиреза, самовор, симу ноқил ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум машғул буда, аз ашёи хоми ватанӣ ва хориҷӣ истифода менамояд. Фаъолияти ширкат дар бахши саноати вазнин ва истеҳсоли молҳои истеъмолӣ роҳандозӣ гардидааст.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия