РИОЯИ ФАРҲАНГИ ЛИБОСПӮШӢ ВА ОРОИШОТ - ҶУЗЪИ МУҲИМИ ОДОБИ КАСБӢ
Санаи 25-уми майи соли равон ҷаласаи занон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ доир гардид. Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова баромад намуда, қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯза фарҳанги либоспӯшӣ ва ороишот яке аз унсурҳои муҳими ахлоқу одоби касбӣ ба ҳисоб меравад. Намуди зоҳирии корманд симои шахсият, дараҷаи фарҳанг, масъулиятшиносӣ ва муносибати ӯро ба касбу фаъолият инъикос менамояд. Аз ин рӯ, дар ҳар як муассиса ва ташкилот риояи қоидаҳои либоспӯшӣ ва ороишот аҳамияти махсус дорад.
Муҳити корӣ талаб менамояд, ки кормандон бо либоси муносиб, озода ва мутобиқ ба талаботи касбӣ фаъолият намоянд. Либоси корӣ бояд тоза, дарзмолшуда ва ба меъёрҳои ахлоқию хизматӣ ҷавобгӯ бошад. Либосҳои расмӣ бештар барои муҳити корӣ мувофиқ шуморида мешаванд, зеро онҳо ҳисси интизом, тартиб ва эҳтиромро ба вуҷуд меоранд. Инчунин, интихоби рангҳои ором ва услуби сода ба ташаккули муҳити орому касбӣ мусоидат мекунад.
Сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова бошад, дар баромади худ гуфт, ки ороишот низ қисми муҳими фарҳанги зоҳирӣ мебошад. Дар муҳити корӣ ороиши сабук ва нигоҳ доштани намуди ботартиб тавсия дода мешавад. Барои занон истифодаи ороиши муътадил ва барои мардон риояи тозагӣ, тартиби мӯй ва нигоҳубини намуди зоҳирӣ муҳим аст. Истифодаи аз ҳад зиёди ҷавоҳирот, атрҳои тез ё ороиши ҷалбкунандаи диққат метавонад ба фазои корӣ таъсири манфӣ расонад ва диққати ҳамкоронро аз кор дур созад.
Риояи фарҳанги либоспӯшӣ ба баланд гардидани сатҳи маданияти муошират ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Вақте ки кормандон бо намуди зоҳирии мувофиқ ба кор ҳозир мешаванд, эҳтироми ҳамдигар ва ҳисси масъулият дар байни онҳо бештар мегардад. Инчунин, мизоҷон ва шарикони корӣ аз рӯи намуди зоҳирии кормандон ба фаъолияти ташкилот баҳо медиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз, либоспӯшии дуруст ба ташаккули имиҷи мусбати муассиса мусоидат мекунад.
Гуфта шуд, ки фарҳанги либоспӯшӣ ба рӯҳияи инсон низ таъсири хуб мерасонад. Шахсе, ки бо либоси тоза ва мувофиқ ба кор ҳозир мешавад, худро боваринок ва фаъол эҳсос мекунад. Ин ҳолат метавонад ба сифати кор, муносибат бо дигарон ва муваффақияти фаъолияти касбӣ таъсири мусбат расонад.
Фарҳанги риояи либоспӯшӣ ва ороишот дар муҳити корӣ қисми муҳими фарҳанги касбӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Намуди зоҳирии озода, либоси муносиб ва риояи меъёрҳои ороишот нишонаи маданият, эҳтиром ва масъулиятшиносии ҳар як корманд ба шумор меравад. Риояи ин қоидаҳо барои ташкили муҳити солими меҳнатӣ, баланд гардидани обрӯи шахсӣ ва рушду нуфузи ташкилот, корхона, муассиса аҳамияти калон дорад.
Маҳбуба ҒАФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng