Рӯзҳои 11-14 ноябри соли равон бо мақсади иштирок дар Форуми якуми омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Иттиҳоди дониш», ки дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии таълимӣ таҳти унвони «Таҳсилоти байналмилалӣ дар ҷаҳони бисёрқутба» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷаҳонгир Худойбердиев сафари хизматӣ намуд.

Дар доираи форуми мазкур намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди таҳсилоти олӣ, байналмилалисозӣ ва минтақагароии таҳсилот, таҳкими ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, рушди сармояи инсонӣ ва фароҳам овардани муҳити фарогири донишгоҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷ. Худойбердиев дар кори бахши якуми форум таҳти унвони «Байналмилалисозӣ ва минтақагароии таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ: манфиатҳои умумӣ ва равишҳои ягона» иштирок намуда, бо маъруза дар мавзуи «Байналмилалисозии таҳсилоти олӣ дар ИДМ: таҷриба ва дурнамои барномаҳои ду диплома» баромад намуд.

Дар маъруза масъалаҳои нақши байналмилалисозӣ дар рушди таҳсилоти олӣ, аҳаммияти барномаҳои дудиплома ҳамчун воситаи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди ҳаракати академии донишҷӯёну омӯзгорон, ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ва эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, таҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Термези Ҷумҳурии Узбекистон муаррифӣ гардид. Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо барномаи дудипломаро мувофиқа намуда, татбиқи онро барои соли таҳсили 2027-2028 ба нақша гирифтаанд. Дар ин замина, аҳаммияти барномаҳои муштараки таълимӣ дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва густариши фазои ягонаи таҳсилоти кишварҳои ИДМ таъкид карда шуд.

Дар рафти сафари хизматӣ бо намояндагони Донишгоҳи молия назди Ҳукумати Федератсияи Россия вохӯрии корӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои таълимӣ ва илмӣ, рушди табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва омодасозии лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, бо намояндагони Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Казы Дикамбаев вохӯрии корӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, табодули таҷриба дар самти омодасозии мутахассисон, густариши робитаҳои таълимӣ ва илмӣ, инчунин имкониятҳои татбиқи ташаббусҳои муштараки байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.

Вохӯриҳои мазкур бо мақсади муаррифии имкониятҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои судманд ва фароҳам овардани замина барои густариши робитаҳои мустақими байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки иштирок дар форуми мазкур ва баргузории вохӯриҳои корӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, ҷалби шарикони нави хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овард.

Дар маҷмуъ, сафари хизматӣ барои муаррифии таҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти байналмилалисозии таҳсилоти олӣ, густариши ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои байналмилалӣ натиҷаҳои мусбат ба бор овард.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия