КОРРУПСИЯ ВА ТЕРРОРИЗМ - ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА ВА ТАМОМИ ИНСОНИЯТ
18-уми ноябр дар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия ва терроризм» ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Нахуст, муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз Ҷонибек Зубайдов суханронӣ намуда, терроризм ва экстремизмро аз таҳдидҳои ҷиддии ҷаҳони муосир арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти давлатҳо, суботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум хатар эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, пешгирии онҳо масъулияти тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Сипас, мутахассиси бахши ҳуқуқии донишгоҳ Сайвалии Наҷибулло оид ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, зиракии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон суханронӣ кард.
Мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Субҳоналӣ Мирзоев дар мавзуи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баромад намуда, нақши илму дониш, касбу ҳунар, варзиш ва истифодаи дурусти технологияҳои муосирро дар тарбияи ҷавонон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, ӯ ба масъалаи таъсири таблиғоти ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати баланд бардоштани маърифати ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар идома ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз Сорбон Шарбатов дар мавзуи «Коррупсия - зуҳуроти номатлуби ҷомеа» баромад карда, таъсири манфии коррупсияро ба рушди давлат, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ шарҳ дод.
Дар қисмати мубоҳисавӣ донишҷӯ Ҳошимҷон Бобозода андешаҳои худро оид ба масъалаҳои баррасишуда баён кард ва иштирокчиёнро ба масъулиятшиносӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб даъват намуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng