ҚАДРДОНИИ 50 ДОНИШҶӮИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2025
Рӯзи 27-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими тантанавии қадрдонии 50 донишҷӯи беҳтарини соли 2025 доир гардид. Мақсад аз ташкили ин иқдом ҳавасмандгардонии донишҷӯён, қадршиносии заҳмату талошҳои илмӣ, таълимӣ, варзишӣ ва ҷамъиятии онҳо, инчунин, таҳкими рӯҳияи худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор, муовинони ректор, устодон, намояндагони сохторҳои тарбия ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ таъкид кард, ки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати таълимии ДДМИТ ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни беҳтарин бо дониши амиқ, интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолона дар олимпиадаҳо, озмунҳо, чорабиниҳои таълимию илмӣ, сиёсию идеологӣ ва сайёҳию варзишӣ намунаи ибрат барои ҳамсолони худ мебошанд.
Ҳамин тавр, аз тарафи ректори донишгоҳ ба донишҷӯёни фаъол Ифтихорномаи раёсати ДДМИТ тақдим гардид.
Бояд қайд кард, ки чунин иқдомҳо ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ, рушди қобилиятҳои илмӣ ва ташаккули шахсияти фаъолу масъулиятшиноси донишҷӯён мусоидат менамоянд.
Донишҷӯёни фаъол дар навбати худ, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва дастгирии доимии роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng