26-уми декабри соли равон бо иштироки муовинон, мудирони кафедраҳо ва устодони факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳисоботи солонаи факултет доир гардид.

Нахуст, декани факултет Мастура Буриева иброз дошт, ки факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ навтаъсис буда, аз рӯзи таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявии он тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии фаъолияти факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ омода намудани кадрҳои баландихтисос ба шумор меравад.

Боиси ифтихор аст, ки дар соли ҷорӣ як нафар донишҷӯи бахши якуми ихтисоси хадамоти гумрук Абдуназаров Дилшод дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи география сазовори ҷойи 2-юм гардид. Инчунин, донишҷӯи курси сеюми факултет Боев Муҳаммад дар фестивали саводнокии молиявии БМТ иштироки фаъолона намуда, шоҳҷоизаи ин фестивалро соҳиб гашт.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботӣ мудирони кафедра ва муовинони декан ба музокира баромада, ҳисоботи декани факултетро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА