Таъсиси Шурои рушди илм ва инноватсияи донишҷӯён аз ташаббусҳои навбатии илмиву маърифатии раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” татбиқ мегардад. Тасмими мазкур бо дастури бевоситаи ректори ин боргоҳи маърифат Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ташаббуси раёсати илм ва инноватсия роҳандозӣ гардидаву ҳадафаш густариши тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, ташаккули сармояи зеҳнӣ ва дар умум, пайванди илм бо истеҳсолот ва ба ин васила, пайдо намудани чеҳраҳои нави илмӣ ва пурқувват кардани пойгоҳи илмиву зеҳнии донишгоҳ мебошад.

Дар доираи амалисозии ҳадафҳои дар боло зикршуда дар назди Шурои рушди илм ва инноватсия ду маҳфил - “Дурахши илм” ва “Навоварон” созмон дода шуд, ки то ин вақт мутаносибан яке 4 ва дигаре 3 презентатсияи худро бо ширкати бевоситаи донишҷӯён доир намуданд.

Аз хусусиятҳои умдаи ин маҳфилҳо он аст, ки ҳангоми баргузории маҳфилҳо устодон дар раванди пурсишу посух, музокираву муҳокимаҳо ширкат наварзида, танҳо нақши нозир ва мушоҳидро иҷро менамоянд. Чунин муносибат метавонад ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва бедор кардани завқи зеҳниву пайдо кардани қобилияти тадқиқотии донишҷӯён, ки аз ҳадафҳои меҳварии маҳфилҳои “Дурахши илм” ва “Навоварон” мебошад, мусоидати бештар намуда, ҳамзамон, миёни донишҷӯён муҳити дӯстдорони дониш, тадқиқ ва навовариро боло барад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ташаббусҳои мазкур дар шароити кунунии рушди технологияҳои инноватсионӣ ва ҷаҳонишавӣ хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва татбиқи он аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Ин аст, ки кишвари мо бо ибтикороти Сарвари давлат дар самти гузариш ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатияшон сари мавзуи матраҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки бояд ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.

Санаи 22 декабри соли равон маҳфили навбатии илмӣ-инноватсионии “Навоварон” доир гардид. Ин навбат донишҷӯёни кафедраи молияи факултаи молия ва қарз Томирис Исмоилова, Файзимоҳ Нарзуллоева, Мадина Манучеҳрзода, Саидраҳмон Саъдуллоев, Баҳман Зубайдов, Ҳабибулло Ҳикматов ва Муҳаммад Шарифов таҳти роҳбарии котиби Шурои илмӣ-инноватсиони “Навоварон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатмоҳ Назарамонова маҳсулоти ихтироънамудаи худро таҳти унвони “Хурмои шоколадӣ” ба маъраз гузоштанд.

Дар маросими ифтитоҳии маҳфил муовини ректори ДДМИТ оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат рушди илм ва инноватсия афзалияти хосса доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ баҳри рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар пайравӣ ба ин сиёсат моро мебояд талош варзем, то дар оянда пайванди илм бо истеҳсолотро дучанд намуда, дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти ватанӣ аз ҳисоби татбиқи ихтирооти илмиамон саҳми арзанда гузорем. Дар баробари ин, тафаккури насли наврасу ҷавонони кишварро бо омӯзонидани илмҳои замонавӣ инкишоф диҳем. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, дар донишгоҳ имконоти мусоид мавҷуданд. Аз ҷумла, синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз бо техникаву технологияҳои наву замонавӣ, компютерҳои бо хати интернет пайваст, дар ихтиёри ихтироъкорону навоварон қарор дошта, дар баробари ин, Парки технологии донишгоҳ бо шароити зарурӣ таъмин мебошад.

Дар рафти муаррифии маҳсулот маълум гардид, ки асоси шоколади ҳосилнамудаи донишҷӯёни навоварро хурмо ташкил дода, дар дохили он чормағз, писта ва бодом ҷой карда шудааст.

Пӯшида нест, ки бозори истеъмолии мо аз омехтагиҳои сунъии зараровар пур шудааст, ки боиси паҳншавии бемориҳои гуногун гардидааст.

Гуфта шуд, ки таркиби шоколад аз маҳсулоти табиии ватанӣ иборат буда, ягон омехтагиҳои сунъӣ надорад. Зимнан, қайд намудан бамаврид аст, ки барои татбиқи лоиҳаҳо ва пайванд сохтани илм бо истеҳсолот бешакк маблағгузорӣ шарти муҳим ба шумор меравад. Дар сурати пайдо кардани сармоягузор “Хурмои шоколадӣ” метавонад бозори истеъмолиро ҳимоя намояд.

Дар маҳфили “Навоварон”, ки ҳуқуқшиноси ҶСК “Гулистони Душанбе” Дилбар Кучакова ба сифати коршинос ширкат дошт, ба шоколади ихтироънамудаи донишҷӯёни кафедраи молияи факултаи молия ва қарз баҳои муносиб дода, зикр кард, ки масъалаи асосӣ дар дилхоҳ соҳа ин амалан татбиқ гардидани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот маҳсуб меёбанд. Амалишавии ҳар дастовард бо назардошти ҳамоҳангӣ бо саноат бояд дастгирӣ ва аз ҷониби сохторҳои марбута харидорӣ шаванд.

Барои расидан ба ин ҳадаф бо сармоягузорон ҳамкориро роҳандозӣ намудан ба манфиат ва пешрафти кор аст.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ