МАНУЧЕҲР ЗАРИПОВ – “БЕҲТАРИН РОҲБАЛАД” ДОНИСТА ШУД
Рӯзи 24-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти сайёҳӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва устодону донишҷӯёни риштаи сайёҳии макотиби таҳсилоти олии кишвар иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ, пеш аз ҳама, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони соҳа ва доираҳои сайёҳӣ иборат буд.
Хушбахтона, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Манучеҳр Зарифов дар озмуни беҳтарин субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин роҳбалад” мақоми дуюмро соҳиб гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Бояд қайд кард, ки Манучеҳр Зарипов қобилият ва таҷрибаи бойи роҳбаландӣ дошта, дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии маконҳои таърихӣ ва тамошобоби ҷумҳурӣ саҳми назаррас дорад.
Мо - Манучеҳр Зарифовро бо ин ғолибият табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбаладиаш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng