ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН
Санаи 26-уми декабри соли равон тибқи нақшаи корӣ, бо иштироки муовинон, мудирони кафедра ва устодони факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ ҳисоботи солонаи факултет шунида шуд.
Нахуст, декани факултет София Темурбекова иброз дошт, ки факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мутахассисони баландихтисосро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода менамояд.
- Факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии онҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, маҷмуаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд, - илова намуд ва афзуд, ки донишҷӯёни факултет дар озмунҳои сатҳи гуногун фаъолони ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Дар баробари ин, 3 сол инҷониб донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи математика ва технология сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардиданд.
Дар охир барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ба 5 нафар устодон Ифтихорнома, ба 7 нафар кормандону устодон Ҷом ва ба донишҷӯи беҳтарини соли 2025 Алибек Ҷонибеков дар ҳаҷми 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng