Рўзи 25-уми декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷменти молиявии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо иштироки профессори даъватшуда Гадоев Суҳроб Ҷумақулович - доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон мизи мудаввар доир гардид.

Ҷаласаро декани факултет Фахриддин Убайдов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин вохӯриҳоро басо муҳим арзёбӣ намуд.

Профессори даъватшуда Суҳроб Гадоев дар мавзуи «Масъалаҳои ташкили самаранокии механизми қарзӣ» бо истифода аз слайд ва таҳлилҳо баромади пурмуҳтаво намуд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар шароити беҳтар шудани идоракунии хавфҳои қарзӣ, қарзи овердрант барои бонкҳои тиҷоратӣ дороии сердаромад ба ҳисоб меравад. Аммо, аз тарафи дигар, қарзи овердрант дороии хавфи баланд аст, гарав надорад. Ин аҳамияти идоракунии хавфҳои қарзиро афзоиш медиҳад.

- Дар амалияи бонкҳои Ҷумҳурии Узбекистон танҳо яке аз нишондиҳандаҳо, яъне коэффисенти пардохтпазии ҷорӣ истифода мешавад. Дар амалияи бонкдории кишварҳои пешрафта, илова бар усули нишондиҳандаҳои молиявӣ, усули арзёбии ҷараёни пулии умумии муштарӣ низ барои арзёбии қобилияти қарзии муштариёне, ки мақоми шахси ҳуқуқӣ доранд, истифода мегардад.

Дар музокира устодони кафедра Абдумалик Сафаров ва Шаъбон Нуров баромад намуда, дар бораи мавзуи баррасишуда фикрҳои ҷолиб ироа намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия