Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишон додани ташаббусҳои нав ба нав дар баргузории ҳамоишҳои илмиву назариявии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба марҳилаи нави рушд ворид мегардад. Танҳо дар соли таҳсили нави хониш дар донишгоҳ панҷ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки ба мавзуъҳои муҳим, аз қабили ҳифзи пиряхҳо, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ рушди зеҳни сунъӣ, иқтисоди сабз ва обу иқлим бахшида шуда буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

“Дар ин раванд пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар такя ба ин дастуру ҳидоятҳо, ин навбат рӯзи 25 декабри соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраҳои менеҷмент ва менеҷменти молиявӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи иҷрои барномаи мақсадноки давлатии «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи "Идоракунии инноватсионӣ дар шароити тағйирёбии рақамӣ: зеҳни сунъӣ, молия ва дурнамои рушд” баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Муқимов Қутбиддин Мирзоҷонович оғоз намуда, дар бораи самтҳои назариявӣ ва амалии рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, идоракунонии инноватсионӣ ва молиявӣ маълумоти мухтасар дод.

Сипас, маърузаи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷменти ДДМИТ Иномҷон Аминов дар мавзуи “Равандҳои глобалии менеҷменти инноватсионӣ: рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва усулҳои нави идоракунӣ” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Зикр гардид, ки гузаштан ба технологияҳои рақамиву инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо имконият, балки зарурати таърихӣ буда, татбиқи бармаҳали онҳо имкон фароҳам меоранд, ки идоракунии давлатӣ самаранок, иқтисод рақобатпазир ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, ба ин васила, мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таҳким ёбад ва устувортар шавад.

Ба хулосаи нотиқ, бо истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ ба зеҳни инсонӣ Тоҷикистон дар умум метавонад ба давлати пешрафта, устувор ва рақобатпазир табдил ёбад.

Бояд зикр намуд, ки дар конфронси байналмилалии мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон Гадоев Суҳроб Ҷумақулович, ки дар доираи лоиҳаи “Профессори даъватӣ” ба ДДМИТ ташриф оварда буд, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Икромов Фазлиддин Нуриддинович бевосита ширкат варзиданд. Инчунин, доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи система ва технологияҳои иттилоотии молияи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Федератсияи Русия Коолбанёв Михаил Олегович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёт ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Наврӯззода ва номзади илмҳои сотсиологӣ, дотсенти кафедраи бизнеси байналмилалии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Ковалёва Анна Сергеевна ба таври онлайнӣ ширкат ва перомуни мавзуъҳои стратегияи “уфуқӣ” ва “амудӣ”-и рушди инсонӣ, ташкили самараноки механизми қарзӣ, фишангҳои макропруденсиалӣ дар таҳкими суботи молиявии низоми бонкӣ, тағйироти рақамӣ падидаи рушди технологии асри 21 баромад намуданд.

Пешбурди кори конфронс бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, дар он маърузачиён аз хориҷи кишвар ба шакли айниву онлайнӣ ширкат доштанд.

Дар охир ба меҳмони ҳамоиш - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз Суҳроб Гадоев аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва ҶСП “Спитамен Бонк” туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ